Маркази шоҳмотбозии Шаҳри Турсунзода ҳамеша серодам аст. Он аз ҷониби ширкати “Сардор 2008” сохта шуда, на танҳо шоҳмотбозони Турсунзодаро муттаҳид кард, балки яке аз марказҳои шоҳмотбозии кишвар гардид. Рӯзи дигар дар ин ҷо бо дастгирии ширкати “Сардор 2008” чемпионати навбатии шаҳр оид ба шоҳмот баргузор шуд. Дар он 32 шахматбози шаҳр иштирок карданд.
Ба гуфтаи Лутфулло Шерматов, мудири бахши шоҳмот, корманди масъули маркази шоҳмоти бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Турсунзода, чемпионат тибқи нақшаи тасдиқшуда баргузор мешавад. Дар мактабхо, муассисахо, ташкилотхо мусобикахои пешакӣ гузаронда мешаванд. Инчунин дар маркази шоҳмот шоҳмотбозон холҳои рейтингӣ ба даст меоранд. Ҳамаи онҳо иштирокчиёни чемпионати шаҳр мешаванд. Дар баробари сохтмони маркази шоҳмот дар ин ҷо сифати мусобиқаҳо низ тағйир ёфт, мегуяд Лутфулло Шерматов. Шохмотбозон тарзи истифода бурдани соати бозиро ёд гирифтанд, дар тахтаҳои магнитӣ таҳлилҳои баъдибозӣ ва ғайра имкон пайдо карданд. Муҳим он аст, ки ҳамсоягон Аз Шаҳринав, Ҳисор ва Душанбе ба назди мо омаданд. Дар соли фаъолияти маркази шоҳмот дар ин ҷо чор мусобиқаи муҳим – чемпионати Турсунзода, мусобиқаи водии Ҳисор, чемпионати Тоҷикистон ва чемпионати шаҳр байни кӯдакону наврасон баргузор гардид. Ва ҳамаи ин мусобиқаҳо бо дастгирии ширкати “Сардор 2008” баргузор шуданд.
Яке аз иштирокчиёни чемпионат, шоҳмотбози номдори Турсунзода Тоҷиддин Юлдошев гуфт, ки ӯ аллакай дар 11 чемпионати шаҳри Турсунзода ширкат кардааст. Дар ин муддат шаш маротиба чемпиони шаҳр шуд. Ва дар чемпионати Тоҷикистон дар соли 2021 ҷои ҳафтумро гирифтааст. Бо бунёди маркази шоҳмот таваҷҷӯҳи сокинон ба ин бозӣ хеле афзоиш ёфтааст.
Чемпионати шаҳри Турсунзода натичаҳои хуб нишон дод. Соҳибкор – токпарвар Ваҳобҷон Исмоилов (ҷои 1-ум), омӯзгори мактаби рақами 23 Муҳаммадӣ Маҳмараев (ҷойи 2-юм) ва соҳибкор – нонпаз Тоҷиддин Юлдошев (ҷойи 3-юм) ғолиб дониста шуданд.