Пайваста такмил диҳед

11 ноябри соли равон дар толори маҷлисгоҳи ширкати мо, дар шаҳри Турсунзода, шӯъбаи таълим дар якҷоягӣ бо Раёсати кадрҳо омӯзиши кадрҳоро оид ба арзишҳои ширкати мо оғоз намуд.

Гурӯҳи 1-и истеҳсолот аз омӯзиш гузашт ва дониши хуб ва таваҷҷӯҳи зиедро ба арзишҳои ширкате, ки ба наздикӣ ҷорӣ карда шуда буданд, нишон дод. Арзишҳо дар мавзӯи фарҳанги корпоративӣ ва намудҳои мавҷудаи кормандон ва рафтор ва амали онҳо дар пешбурди арзишҳо баррасӣ карда шуданд.Ин тренинг ҳар ҳафта гузаронида мешавад ва омӯзиши кормандони тамоми ширкат дар ин мавзӯъ ба нақша гирифта шудааст. Умедворем, ки дар натиҷаи омӯзиш кормандони мо бо мақсади баланд бардоштани сифати кор дар қитъаҳои ба онҳо вогузоршуда аз донишҳои назариявии дар амал ба даст овардашуда истифода мебаранд.