Тамошои корхона ва дидани он ки чи гуна махсулоти хуштаъм истеҳсол карда мешавад, шояд орзуи бисьёрихо бошад. Хусусан мактаббачагон, ки чи будани снекҳоро медонанд. Ҳангоми таътили мактабӣ маҳсулоти ширкати «Сардор» ҳамеша барояшон муфид аст. Чунин имконият ба дасти хонандагони гимназияи «Нур»-и ноҳияи Шаҳринав афтод. Ба истеҳсолот омада, кӯдакон бо шавқи зиёд ба истеҳсоли картошкаи қоқ,нонҳои хушк, сақич шавқу рағбат доштанд.
Ҳозирон ба ҳамаи саволҳои талабагон бо майли том ҷавоб доданд. Ба гуфтаи мактаббачагон, пас аз экскурсия ба “Сардор” барои худ бисёр чизҳои нав кашф карданд. Ин аст он чизе ки мактаббачагон баъд аз сафар таассуроти худро нақл карданд:
– “Барои ба экскурсия ба “Сардор” рафтан ба мо шарт гузоштанд – дар давоми ҳафта на камтар аз панҷ баҳо дар як рӯз гирем. Мо ҳама кӯшиши аз дастамон меомадаро кардем”.
— «Мо ба корхонае рафтем, ки дар хар оила маълум аст. Ин “Сардор” мебшад.
— «Коргарони хеле хушмуомила ҳастанд, ба мо табассум карда, муомила мекарданд. Мо дидем, ки маҳсулот чӣ гуна истеҳсол мешавад».
Ташкил ва гузаронидани экскурсияхо дар корхонаи «Сардор 2008» яке аз чорабиниҳои муҳим мебошад. Сехҳои истеҳсолиро тамошо карда, дар ин ҷо таҷҳизоти ҳозиразамон, кори муташаккили коллектив, тозагӣ ва интизомро мебинанд. Дар ин ҷо бисьёр чизҳо бори аввал дар республика ҷорӣ карда мешаванд. Ва муҳим аст, ки ҷавононе, ки ба камол расидаанд, истеҳсолоти муосирро омузанд.