Ба онҳо такони ҳавасмандкунӣ дода шуд

Ҷоизаҳои асосии «Супербозиҳо» байни кормандони шӯъбаҳои фурӯшҳои минтақавии Раёсати тиҷоратии ширкати «Сардор 2008»  – роҳхатҳо барои истироҳати якҳафтаина дар Дубайро сардори идораи фурӯш дар ноҳияи Фархор Ҷонибек Ҳайдаров ва намояндаи савдои филиали Хуҷанд Махфузахон Низомова гирифтанд. Дар ин бора шанбеи гузашта, 14 январ дар маҷлиси навбатии умумии коллектив маълум гардид. Тафовути асосии вохӯрии ҳармоҳа аз ҷаласаҳои қаблӣ дар он буд, ки он барои кормандони филиалҳои вилояти Суғд ба таври онлайн пахш карда шуда, директори генералии ширкати «Сардор 2008» дар ин чорабинӣ ҳамчун бизнес-тренер баромад карда, дар шароити муносиб ва қулай шакли фаҳмо тавонист ба аудитория аҳамият ва бартариятҳои идоракунии муосири дар ширкат татбиқшавандаро расонад. Дар мавзуи машгулият блитс- викторина гузаронда шуд, ки фаъолияти баланди коргаронро нишон дод.

Қисми дуюми чорабинӣ ба қадрдонӣ намудани кормандони беҳтарини корхона бахшида шуд.

Барои бомуваффақият иҷро намудани планҳои фуруши маҳсулот 15 нафар коргарони корхона аз филиалхои вилоятӣ мукофотҳои пулӣ ва сипоснома гирифтанд.

Ва ҷоизаҳои гаронбаҳои «Супер-бозӣ»-и боло – телефонҳои муосири навтарин моделҳои Samsung насиби супервайзери ноҳияи Ҷ.Румӣ Алишер Аламуродзода ва намояндаи фурӯш аз шаҳри Истаравшан Абӯалӣ Абдураҳимов супорида шуд.

Қобили зикр аст, ки бо дархости Ҷонибек Ҳайдаров сафари ӯ ба Дубай ба умра – зиёрати Каъбаи муқаддас иваз карда шуд.

Маҷлиси умумии корхона ба ғайр аз мақсади асосӣ, инчунин барои иштирокчиёни он барои вохуриҳои зинда ва муошират бо ҳамкасбон, мубоҳисаи вокеаҳои руз ва шиносоӣ бо техника дар сайри истеҳсолот майдони хубе гардид.