Сардор ва мактаби Менделеев: дастгирии истеъдодҳои ҷавон дар лагери Ширкент

Ба наздикӣ, муассисаи давлатии таҳсилоти умумӣ “МТУ ба номи Д.И. Менделеев” дар шаҳри Турсунзода хонандагони худро ба лагери Ширкент фиристод, ва ширкати мо бо хурсандӣ дар ин маросими кушодашавии мавсими таътилӣ иштирок намуд. Мо бо дасти холӣ нарафтем: “Сардор” ба ҳайати омӯзгорон барои садоқат ва заҳмати онҳо сипоснома супорид. Барои кӯдакон мо захираи маҳсулоти худро фиристодем.

 Рӯзи дуюм барои кӯдакон махсусан ҷолиб буд. Клуби футболи мо “КФ САРДОР” бо хонандагон мастер-класс ва машқҳоро гузаронид,  сирри футболи касбиро мубодила намуд. Кӯдакон аз малакаҳои ҳосилшуда ва ҳикояҳои илҳомбахш хушҳол шуданд.

Дар анҷоми сафари мо ба кӯдакон 6 тӯби футболи касбии бренди худро ба хотира гузоштем. Умедворем, ки ин туҳфаҳо ба рушди минбаъдаи варзишии онҳо кӯмак мекунанд ва барои дастовардҳои нав илҳом мебахшанд.

 

Аз мактаби Менделеев барои имкони иштирок дар ин чорабинӣ ва саҳм гузоштан дар рушди насли ҷавон ташаккур мегӯем!