Омӯзед ва бештар фикр кунед!

         Ҳамкорони азиз, бо хушнудӣ хабар медиҳанд, ки гурӯҳи асосии мураббиени ширкат таҳсили худро ба итмом расониданд ва аз санҷишҳо гузаштанд, ки дар натиҷа беҳтаринҳо сертификатсия шуданд ва Шаҳодатномаи “мураббии ширкат” – ро гирифтанд. Едовар мешавем, ки ин система аз ҷониби роҳбарияти ширкат барои дастгирии кормандони ширкат аз ҷониби онҳое, ки дар кори худ беҳтаринанд, ҷорӣ карда шудааст. Омӯзиш аз ҷониби шӯъбаи таълими дирексияи сифат ва такмил дар якҷоягӣ бо дирексияи кадрҳо дар толори конфронси ширкат, дар шаҳри Турсунзода ташкил ва гузаронида шуд.