Раванди ребрендинги маҳсулоти ширкати «Сардор 2008» дар авч аст. Дар нуктахои савдо аллакай маҳсулоти нав пайдо шуд. Дар бораи таъми маҳсулоти нав аллакай баррасиҳои мусбии истеъмолкунандагон мавҷуданд. Чунон ки яке аз харидорон гуфт, дар бастаи нав пайдо шудани махсулот чун сюрпризи пурасрор харидоронро ба худ чалб мекунад.
Дар рушди ин самт рӯзи ҷумъаи гузашта намояндагони ширкати маъруфи чинии Xinjiang Xingxing Tengxiang Import and Export Trade Co., Ltd аз ҶДММ «Сардор 2008» дидан карданд. Ин ширкат ҳамчун истеҳсолкунандаи маводи бастабандӣ маълум аст. Меҳмонон бо таклифи корхонаи мо бо технологияи истеҳсолот шинос шуданд, сехҳои истеҳсолиро аз назар гузаронданд. Чашидан аз маҳсулоти нави ширкати “Сардор” аз меҳмонони чинӣ фикру мулоҳизаҳои мусбӣ ба бор овард ва онҳо ба мазза ва сифати маҳсулот баҳои баланд доданд.
Шарикон масъалаи бо масолеҳи бастабандии маҳсулоти нави “Сардор” таъмин намудани истеҳсолотро баррасӣ мекунанд.